Ворух баъди солҳои интизорӣ соҳиби шуъбаи ҷарроҳӣ мешавад

Бемористони Исфара

Баъд аз солҳои зиёд дар ҷамоати Ворух, ҳаммарз бо Қирғизистон, бунёди шуъбаи ҷарроҳӣ оғоз шуда ва қарор аст сокинонро аз машаққати кашондани беморонашон то маркази Исфара халос кунад.

Сокинони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара умед доранд, ки бунёди шӯъбаи ҷарроҳӣ дар ин гӯшаи дурафтодаи кишвар ба машаққати чандинсолаи онҳо поён хоҳад бахшид. Ҳоло бошандагони ин ҷамоат маҷбур ҳастанд, беморони худро ба шифохонаи маркази Исфара биоранд, ки 45 километр тӯл дорад ва азбаски ин масир аз миёни рустои қирғизнишинҳо мегузарад, корро боз ҳам печидатар мекунад.

Сокинони Ворух ба хусус аз рӯзҳои муноқишаҳо бо сокинони деҳаи ҳамсояи Оқсойи Қирғизистон ва раҳбандии онҳо ба рӯи беморон хотираҳои нохуш доранд. Ягона роҳи Ворух ба Исфара аз байни ин деҳаи қирғизнишин мегузарад ва зарбаи аввали даргириҳои марзӣ ҳам ба мусофирону беморони байнироҳмонда мерасад.

Лоиқ Маҳкамов, раиси пешини ҷамоати Ворух аз яке аз ин ҳодисаҳо ёдоварӣ кард ва гуфт, “шаби муноқиша Зикриё, ҷавони 35-солаи ҳамдеҳаамонро, ки бемории рӯдааш авҷ гирифт. Ӯро ба беморхонаи Ворух оварданд. Қариб як соат табибон муоинаву сӯзан зада, илоҷи табобаташро наёфтанд. Ноилоҷ ҳамроҳи хешонаш дар мошини “Ёрии таъҷилӣ” роҳи Исфараро пеш гирифтем. Аммо дар сарҳад сокинони ба шӯромада роҳро баста буданд. Нагузоштанд, ки ҳаракат кунем. Қариб буд рӯдааш кафад...”

Сокини дигари деҳаи Ворух, ки худро Нозим муаррифӣ кард, гуфт, ҳамин тавр як рӯзи муноқишаи марзии аввали моҳи майи соли гузашта ҳамроҳи ҳамсараш, ки ба пояш оби ҷӯш рехта сӯхта буд, як рӯзи дарозро то боз шудани роҳ дар байни роҳи бастаи деҳаи Оқсой гузарондаанд: “Беморонеро, ки ба таври оҷил дар мошини “Ёрии таъҷилӣ” духтурҳо мебурданд, роҳ медоданд, аммо барои беморони савори автомобилу мусофирбар роҳро намекушоданд. Тасаввур кунед, пойи кас сӯхтааст ва дар ҳолати вазнин қарор дорад, аммо як рӯз дар байни роҳ то беморхона мондем.”

Ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара бо беш аз 30 ҳазор аҳолӣ яке аз ҷамоатҳои бузург дар вилояти Суғд аст. Ин деҳа дар дурии 45 километр аз маркази Исфара ҷойгир буда, аз чор сӯ дар иҳотаи хоки Қирғизистон қарор дорад. Мусоҳиби дигари Радиои Озодӣ, Хусрав Маҳкамов, аз табибони беморхонаи Ворух мегӯяд, роҳи ягона то Исфара харобу ноҳамвор аст ва дар як соату ду соат тай мешавад ва то расондани беморони вазнин то беморхонаи маркази ноҳия ҷони бемордорону табибон ба лаб меояд. Аз ин рӯ,сокинон солҳо боз талабгори ифтитоҳи шуъбаи ҷаҷроҳӣ дар беморхонаи деҳаи худ буданд, вале мақомот маблағгузориро ба таъхир меандохтанд. Аммо дар пайи муноқишаҳои ахири байни сокинони деҳаҳои марзии Сомониёни Исфараву Кок-Тоши Бодканд дар наздикии Ворух мақомот билохира тасмими ниҳоӣ гирифтаанд.

Салом Ваҳҳобов, сардори раёсати тандурустии Суғд гуфт, “мақсади мо ин ки сокинони ноҳияҳо дар ҷойҳои зисти худ ба хадамоти тиббӣ дастрасӣ пайдо кунанд ва сарсону саргардон шуда, масалан барои ташхиси бо роҳи ултрасадо ба маркази вилоят наоянд. Дар марказҳои саломатиидеҳот ҳам ақаллан ба хадамоти муқаррарӣ, мисли ташхиси хуну пешоб шароит фароҳам бошад ва барои ин ба маркази ноҳия нараванд. Бунёди шуъбаи ҷарроҳӣ дар Ворух аз ин гуна корҳо аст.”

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, беҳтарсозии дастрасии сокинони сарҳадӣ ва дурдасти Суғд ба хадамоти тиббӣ ҳудуди солҳои охир суръат гирифтааст. Ахиран дар бемористони ноҳияи Панҷакент низ дастгоҳи рентгени рақамӣ насб шуда, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои бори аввал мошини муҷаҳҳази ёрии таъҷилии тиббӣ ба гардиш даромадааст. Ҷаноби Ваҳҳобов мегӯяд, чандин бунгоҳҳои тиббӣ дар ноҳияҳои сарҳадӣ ва дурдасти Суғд, Панҷакенту Истаравшан ва Айниву Ғончӣ то чанд моҳи пеш дар вагончаву утоқи хурди мактабҳо ҷойгир буданд, ки тоза ба иншооти нав кӯчонида шуданд. Ҳамин тавр, имсол шуъбаи бачагонаи беморхонаи ҷамоати сарҳадии Чоркӯҳи Исфара низ таъмир ба бозсозӣ шудааст.

Вале мушкилоти сокинони манотиқи дурдаст, дар мисоли деҳаи сарҳадии Ворух, ки то рӯзҳои мо шуъбаи ҷарроҳӣ надошт, тӯли даҳсолаҳо ҷамъ шудаву ҳанӯз ҳам зиёд боқӣ мондааст. Ҳоло сокинони ин минтақаи сарҳадии вилояти Суғд ба умеданд, ки билохира бунёди шуъбаи ҷарроҳӣ дар беморхонаи маҳаллашон мушкили даҳсолаҳои онҳоро барои расонидани беморонашон ба назди табибон осон хоҳад кард.