"Хандаи ҳусн"-и Хатлон ва тарғиби пироҳанҳои миллӣ

Озмуни "Хандаи ҳусн" дар вилояти Хатлон бо ҳузури садҳо бону ба поён расид

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа озмуни "Хандаи ҳусн" ба поён расид, ки ҳадафи он ташвиқи занон ба пӯшидани пироҳанҳои миллӣ ва парҳез аз "либосҳои бегона" буд.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази вилояти Хатлон аз озмуни "Хандаи ҳусн"-ро натиҷагирӣ карданд, ки дар миёни бонувони 25 шаҳру навоҳии вилоят эълон шуда буд. Дар озмуни мазкур, духтарони вилоят, либосҳои суннатии тоҷикиро ба намоиш гузоштанд, ки ба гуфтаи мақомот, аз ҳар гуна либосҳои “бегона” беҳтар аст.

Санавбар Самиева, сардори идораи кор бо занон ва оилаи ҳукумати вилоят гуфт, ин озмун бахшида ба Соли оила баргузор шуд ва ҳадафаш эҳёи либосҳои миллӣ ва ташвиқи занон барои ба бар кардани пироҳанҳои тоҷикӣ будааст. Мақомоти Тоҷикистон моҳҳои ахир бонувони кишварро ташвиқ доранд, аз пушидани "либосҳои бегона" ба мисли сатру ҳиҷоб парҳез кунанд, ки сабаби норозигии теъдоде аз мардуми мазҳабӣ шудааст.

Доварони озмуни "Хандаи ҳусн" аз миёни ширкатдорони озмун аз гӯшаҳои гуногуни вилоят, ҷойи аввалро ба бонувони шаҳри Қурғонтеппа, ҷойи дуввумро ба занони ноҳияи Хуросон ва ҷои саввум ба бонувони шаҳри Сарбанд сазовор донист. Видеои бидуни шарҳ аз ин озмунро инҷо бубинед.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Хатлон ҷашнвораи "Хандаи ҳусн" ҷамъбаст шуд.

Акси дигар аз ин озмун инҷост:

Намоиши пироҳанҳои мардуми узбакзабон