Номаи "Шайх Темур" ба Эмомалӣ Раҳмон

Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф бо лақаби “Шайх Темур”, ки аз сӯи Додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе ба 16 сол зиндони низомаш сахт маҳкум шудааст, бо ирсоли як нома аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хостори кумак шудааст. Мавлудҷон Салихов, вакили мудофеи Саидмаҳдихон Сатторов мегӯяд, инчунин, шикояти кассатсионии нафари таҳтия ҳимояташ ба додгоҳи таҷдиди назар пешниҳод шудааст. Салихов мегӯяд, “Шайх Темур” аз раисиҷумҳури Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки ҳадди ақалл барои кам кардани муҳлати ҷазояш дар зиндон мусоидат намояд. “Ӯ аз тамоми моддаҳое, ки бар асоси онҳо маҳкум шудааст, танҳо ҷурми бисёрзаниро ба гардан мегирад ва нисбат ба айбҳои дигар, ба монанди “монеъ шудан ба таҳсили фарзандон ва ишғоли худсаронаи замин” ва тамаъҷӯӣ мегӯяд, ки гунаҳкор нест ва бо туҳмати бардурӯғи шоҳидон маҳкум шудааст,” – афзуд вакили мудофеъ.