Дар зарбаҳо ба Дума мардуми осоишта ҷон бохт

Наҷотбахшон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ки бар асари зарбаҳои ҳавопаймоҳои ҷангии Сурия ба як бозори канори шаҳри Димишқ дасти кам 80 нафар кушта ва ҳудуди 200 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ҳамла рӯзи 16 август дар ҳоле сурат гирифт, ки масъули бахши кӯмакҳои башарии СММ бо мақомоти давлатии Димишқ музокирот мекард.

Ба иттилои Маркази назорати ҳуқуқи башари Сурия, мақараш дар Лондон, ҳавопаймоҳои низомӣ ба шаҳри Дума, ки таҳти назорати ошӯбгарони мухолифи ҳукумати Башор Асад қарор дорад, даҳ зарба заданд.

Гуфта мешавад, ки бештари қурбониён – сокинони осоиштаанд. Рамӣ Абдураҳмон, раҳбари Маркази назорати ҳуқуқи башари Сурия, дар сӯҳбат бо хабаргузории Рейтер ин ҳамларо “куштори барқасдона” номид. Дар ҳамин ҳол як манбаи низомии Сурия ба ҳамин хабаргузорӣ гуфтааст, ки ҳадафи ҳамла – ситодҳои гурӯҳи ошӯбгарони исломӣ дар шаҳрҳои Дума ва Ҳарастаи ҳамсоя буданд.