Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ (СПАД) рӯзи 17 август ба Душанбе меояд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки оқои Бордюжа то 19 август дар кишвар хоҳад монд. Ҷузъиёти дигари сафари дабири кулли СПАД рӯшан нест, аммо баъзе аз расонаҳои русӣ навиштаанд, ки ӯ дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карда, мавзӯи ёрии низомӣ ба марзбонҳои тоҷик дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ хоҳад кард. Гузашта аз ин, сафари Николай Бордюжа дуруст як моҳ пеш аз нишасти Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ ё ОДКБ сурат мегирад. Ин нишаст рӯзҳои 14-15 сентябр дар Душанбе баргузор ва дар кори он раисиҷумҳурони Русия, Белорус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард. Владимир Путин -- раисиҷумҳури Русия дар ҷараёни мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Уфа гуфта буд, ки моҳи сентябр ба Душанбе меравад ва дар нишасти СПАД иштирок мекунад. Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ созмони низомиву сиёсӣ буда, ба узвияти он Русия, Арманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Белорус шомиланд. Узбакистон дар соли 1999, дар авҷи гармии муносибатҳояш бо Ғарб ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико СПАД-ро тарк кард.