Шумори қурбониёни таркишҳои сер рӯзи пеш дар шаҳри бандарии Тянҷин дар Чин ба 85 нафар расид. 21 тан аз кушташудагон сӯхторнишонҳоянд. Садҳо нафари дигар дар ин таркишҳо ҷароҳат бардоштанд. Силсилаи таркишҳои шадид, ки иқтидори ҳар кадомаш баробари 21 тонна тротил ҳисоб шудааст, аз сӯхтор ҳангоми фаровардани бори киштиҳое, ки маводи оташангез доштаанд, сар зад. Мақомот мегӯянд, таркишҳо шабона рух доданд, вагарна шумори қурбониён метавонист ба карат бештар шавад. Бархе ҳадс мезананд, ки истифодаи сӯхторнишонҳо аз об барои фурӯ нишондани сӯхтор низ метавонист сабаби таркишҳои баъдӣ шавад, чунки бархе мавоид кимиёвӣ, ба мисли сианид ва карбиди калтсий дар сурати расидани об метарканд. Он шаб дар амбор аз ҷумла ҳамин ду маводи кимиёвиро мефаровардаанд.