Сарвазири Ироқ Ҳайдар Ибодӣ ҷиҳати ислоҳоти низоми додгоҳии ин кишвар амр додааст. Парлумон дар авоили ҳафта бо иттифоқи оро нақшаи ислоҳоти Ибодиро қабул кард. Ин нақшаи ислоҳот ба истиқболи гарми ҳазорон ироқӣ, ки рӯзи 14 август ба кӯчаҳо рехтанд, рӯбарӯ шуд. Тазоҳургарон парчамҳои Ироқ дар даст аз Ибодӣ ситоиш ва сиёсатмадорони дигарро интиқод мекарданд. Нақшаи Ибодӣ бархе шохаҳои ҳукумат ва тақсими мансабҳо бар асоси квотаҳо байни мазҳабҳову ҳизбҳоро аз байн бурда, таҳқиқоти парвандаҳои фасодро аз сар мегирад ва ба сарвазир салоҳияти барканории волиёни вилоятҳоро медиҳад. Вале як шохаи давлатӣ, ки дар ин нақшаи шомил набуд, низоми додгоҳӣ буд. Оятуллоҳ Алӣ Систонӣ, яке аз рӯҳонии мӯътабари шиъа дар нахустин вокуниш ба тасвиби ин нақшаи ислоҳот гуфта буд, низоми додгоҳии Ироқ низ бояд мавриди ислоҳот қарор бигирад. Чанд соат баъд аз суханронии Систонӣ, сарвазир Ибодӣ гуфт, низоми додгоҳӣ бояд “барои тазмини обрӯ ва мустақилияташ ва таъмини тавони мубориза бо фасод ва талқини асли адолат дар байни мардум даст ба тадбирҳои фарогир бизанад."