Вазорати дифои ИМА иттилое зери даст дорад, ки эҳтимолан гурӯҳи «Давлати исломӣ» (ДИИШ) алайҳи курдҳо дар Ироқ маводи кимиёвии ипритро истифода кардааст. Дар ин бора шоми 13 август расонаҳои хабарии амрикоӣ бо такя ба манбаъҳояш дар Пентагон хабар доданд.
Ба гуфтаи ин манобеъ, эҳтимол дорад, ки гази иприт аз анборҳои аз замони раҳбари пешини Ироқ Саддом Ҳусейн боқимонда дарёфт шудааст ё онро ситезаҷӯён аз Сурия овардаанд. Мақомоти Сурия ду сол пеш гуфта буданд, ки миқдори бузурги газро дар ихтиёр доранд ва ваъда доданд, ки онро пурра нобуд месозанд.
Иприт — гази нисбатан содда аст ва барои заҳролудшавии одамон бояд ба таври густурда истифода шавад, гуфтааст як намояндаи Пентагон.
Вазорати дифои Олмон рӯзи 14 август бо такя ба мушовирони низомияш дар минтақаи каурднишин дар вилояти Арбил изҳор намуд, бар асари ҳамлаи кимиёвии ситезаҷӯёни «Давлати исломӣ» тақрибан 60 тан аз мусаллаҳони курд нафасгир шуданд.