Лайло ва Ориф Юнус ба зиндон маҳкум шуданд

Лайло ва Ориф Юнус

Додгоҳи шаҳри Боку Лайло Юнус ва шавҳари ӯ Ориф Юнус, ду ҳомии ҳуқуқи башар дар Озарбойҷонро ба ҷиноятҳои иқтисодӣ гунаҳкор донист ва онҳоро мутаносибан ба ҳаштуним ва 7 соли зиндон маҳкум кард. Ҳукми ҳардуро рӯзи 13-уми август эълон карданд, вале созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ муҳокимаро мазҳакаи додгоҳ номидаанд. Лайло Юнус қабл аз эълони ҳукм гуфт, ба зиндон маҳкум кардани онҳо, маҳкум шудан ба марг аст, зеро ҳарду сахт беморанд ва дар зиндон зинда намемонанд. Лайло Юнус ҳамчунин гуфт, ки ӯ ва шавҳарашро барои фаъолиятҳояшон ҷиҳати ҳимоят аз ҳуқуқи инсон ҷазо додаанд. Ин ҳомии ҳуқуқи шинохта дар додгоҳ гуфт, “Озарбойҷон роҳи фашистии шӯравиро идома медиҳад ва имруз ҳар кас, ки талош мекунад, диктатура дар Озарбойҷонро ба чолиш бикашад, ба саркӯб рӯ ба рӯ мешавад.”