Бо вуҷуди он ки дар нархномаҳои нуқтаҳои фурӯш баҳои 1 доллар баробар бо 6,52 сомонӣ барои харид ва 6,54 сомонӣ барои фурӯш пешниҳод шудааст, дар асл қимати арзи амрикоӣ боз ҳам боло рафтааст. Дар саррофиҳои хусусӣ як доллар бар ивази 6,80-6,85 сомонӣ фурӯхта мешавад. Бонки миллии Тоҷикистон ҳам бо тасдиқи ин вазъ мегӯяд, дар бозор бинобар давом ёфтани пастравии қурби нақдии рубли русӣ, болоравии доллар мушоҳида мешавад. Аз рӯи арзёбиҳои расмии ин бонк, як доллар ба 6,6780-6,6980 сомонӣ баробар шудааст.
Айни замон, қурби рубли русӣ боз ҳам арзишашро каме аз даст дода, ба 10 сомониву 46 дирам баробар шудааст.