Зарбаҳо аз фазо ба 17 мавқеи ҲКК дар Туркия

Артиши Туркия дар бораи зарбаҳо ба 17 мавқеи мусаллаҳони Ҳизби Коргарони Курдистон (ҲКК) дар ҷанубу шарқи кишвар хабар дод. Ин ҳамлаҳо рӯзҳои 10 ва 11 август дар вилояти Аккарӣ сурат гирифтанд. Ду ҳафта пеш Анқара барои зарбаҳои ҳавоӣ ба мавқеъҳои ситезаҷӯёни гурӯҳи «Гурӯҳи исломӣ» ва мусаллаҳони ҲКК дар Сурия ва шимоли Ироқ тасмим гирифт.

Яке аз раҳбарони ҲКК Ҷамил Байик рӯзи душанбе дар сӯҳбат бо Би-Би-Си Туркияро дар он айбдор кард, ки бо ҳамла ба мавқеъҳои ҲКК дар асл ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” кӯмак мекунад.

Аз ин пеш расонаҳои Туркия рӯзи 11 август хабар доданд, ки дар ҳамлаҳои алоҳида ба нерӯҳои амниятии Туркиядасти кам 9 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар шаҳри Истамбул рӯзи душанбе як мошини ҳомили маводи тарканда дар назди қароргоҳи полис мунфаҷир шуд. Дафтари шаҳрдори Истамбул хабар дод, ки дар ин ҳодиса яке аз ҳамлагарон кушта шуд, ду нафари дигар ва як корманди полис дар тирандозӣ баъд аз таркиш ба ҳалокат расиданд.

Дирӯз ҳамчунин ду зан сӯи консулгарии ИМА дар Истамбул оташ кушоданд ва аммо дар ин ҳодиса ба касе осеб нарасидааст.

Дар ҳамин ҳол хушунат миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифини мусаллаҳ дар манотиқи курднишини ҷанубу шарқи Туркия ҳам шиддат мегирад. Дар Силопӣ аз таркиши зиреҳпӯш чаҳор тан аз кормандони полиси турк ҷон бохтанд. Як сарбоз аз тирборони мусаллаҳони курд ба чархболи низомӣ дар Симак ба ҳалокат расид.