Сафари фарҳангиёни тоҷик ба Маскав

Ҳайати 45-нафарии фарҳангиёну ҳунармандони тоҷик барои иштирок дар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия озими шаҳри Маскав шуданд. Тилофат Шоева, масъули дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон рӯзи 11 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "ҳайат дар раъси Бунафша Одинаева, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон озими шаҳри Маскав шудааст. Қарор аст, Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар бузургтарин шаҳрҳои Русия – Маскав ва Калининград сурат бигирад."

Ба гуфтаи Шоева, Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия 12 август бо баргузории маросими ифтитоҳи расмии он дар Кохи "Филармония-2" - и шаҳри Мскав оғоз мешавад. Ӯ афзуд, "13 август дар толори Театри давлатии “Ҳунарманди Синамо” – и шаҳри Маскав ва 15 август дар шаҳри Раменское барномаи консертӣ бо иштироки сарояндагон ва гурӯҳи мутрибон ба нақша гирифта шудааст."

Бар асоси барнома "Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия" то 16 август идома пайдо карда ва мақомот ин иқдомро омили муаррифии ҳар чӣ бештари фарҳангу ҳунари тоҷик дар хориҷи кишвар ва густаришу тақвияти равобиту ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ мекунанд.