Ҳукумати Амрико ба сокинони минтақаи Рашт ва ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон, ки дар пайи омадани сел зиён дидаанд, ба маблағи 60 ҳазор доллар ёрӣ расондаанд. Ин кумакҳо аз хайма, қуттиҳои дорои лавозимоти тиббӣ ва санитарӣ ва маводи дигари таъҷилӣ иборат будааст. “Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида вазъиятро бо таваҷҷӯҳи хос мушоҳида намуда, маблағи иловагиро барои таъмири мактабҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва таъмиру барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ҷудо намудааст,”-гуфтанд дар сафорати Амрико дар Тоҷикистон.