Зариф Болтаев, сокини 39-солаи шаҳри Истаравшан, ки ба иттиҳоми қатли майори милиса Бахтиёр Нарзуллоев боздошт шудааст, дар сӯҳбат бо муфаттишон ҷузъиёти ин ҳодисаро нақл кардааст. Ӯ гуфта, ки шаби 12 ба 13 июли соли ҷорӣ дар роҳи миёни Истаравшан ва Шаҳристон омадани Нарзуллоевро мунтазир буд ва чунин вонамуд мекард, ки гӯиё худраваш вайрон шудаасту ба ёрӣ ниёз дорад.
Ба нақли Болтаев, ҳамон шаб Бахтиёр Нарзуллоев бояд ба хонааш дар ноҳияи Шаҳристон мерафт ва баробари дидани ӯ худравашро манъ карда, хостааст барои таъмири мошини аввалӣ кумак кунад. "Аз ӯ чархи эҳтиётӣ пурсидам," -- нақл мекунад нафари гумонбар ва идома медиҳад, "вақте ки аз мошинаш фаромада, бағочро кушоданӣ буд, аввал як корд задам. Ба пушт гурехт. Чанд бори дигар кордро ба сӯи ӯ кашидам. Торикӣ буд ва охиринаш сахт расид, ки ба замин афтод."
Баъд аз ин, гуфтааст Зариф Болтаев, ҷасади Бахтиёр Нарзуллоевро дар дохили мошин гузошта, шаш-ҳафт километр дуртар аз ҷои ҳодиса мебарад ва оташ мезанад.
Мақомоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд мегӯянд, ки ҳоло алайҳи Болтаев бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ - 104 (одамкушӣ) ва 243 (таҳқири фавтидагон ва гӯри онҳо) парванда боз шуда, тафтиш идома дорад. Вале мақомот то ҳол баҳонаи хусумати шахсии Зариф Болтаев ба майори милисаро ифшо намекунанд.
Навор аз Раёсати корҳои дохилии Суғд:
Рӯзи 13 июли соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон, дар дохили худрави тамғаи "Опел-Астра", ҷасади майори милиса Бахтиёр Нарзуллоев (1980) - сокини ноҳияи Шаҳристон бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд. Нарзуллоев дар мақомоти корҳои дохилӣ аз соли 1997 ба ин тараф ва дар вазифаи нозири калони ШВКД-и шаҳри Истаравшан аз моҳи январи соли 2015 кор мекардааст.
Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, ба Радиои Озодӣ гуфта буд, барои таҳқиқи ин ҳамла як гурӯҳи фаврии ҷустуҷӯӣ таъсис шудааст.
Истаравшан, воқеъ дар 75-километрии ҷанубуғарби Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд, яке аз марказҳои умдаи иқтисодиву тиҷоратии шимоли Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ин шаҳр, ки то соли 2000 Ӯротеппа ном дошт, 60 000 аҳолӣ ба сар мебарад. Ҷамъи аҳолии Истаравшан бо 10 ҷамоати атрофаш қариб 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Истаравшан ҳамеша аз манотиқи аз нигоҳи амниятӣ ороми Тоҷикистон маҳсуб мешуд, вале дар солҳои охир аз ин гӯша низ дар бораи фаъол шудани гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ гузоришҳо ба даст мерасанд.