Ҷоизаи пулӣ барои дарёфти сарбози пойгоҳи 201

Пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон барои пайдо кардани сарбози гумшудаи худ -- Александр Терентев ҷоизаи пулӣ эълон кардааст. Муовини фармондеҳои қисми ҳарбии ин пойгоҳ дар Кӯлоб полковник Александр Захаров рӯзи 3 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ба маълумоти фармондеҳон, Терентев гум нашуда ва ӯро дар Душанбе дидаанд, аммо маҳалли будубошаш номаълум аст ва худи ӯ низ дар бораи хеш хабар намедиҳад. Биноан, афзуд Захаров пойгоҳ барои маълумот дар бораи маҳалли будубоши Александр Терентев ҷоизаи пулӣ дар назар гирифтааст. Ҷаноби Захаров гуфт, Терентев як моҳ ба ин сӯ барои идомаи хидмат ба пойгоҳ барнагаштааст. "Аз ин рӯ мо маҷбур шудем эълон пахш кунем, " -- гуфт ӯ, вале аз ифшои ҳаҷми ҷоизаи пулӣ худдорӣ намуд. Ба гуфтаи Александр Захаров, Терентеви 25-сола аз вилояти Кургани Русия ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шудааст ва одамоне, ки ӯро мешиносанду дидаанд, хабар додаанд, ки ҳоло дар шаҳри Душанбест