Раҳоии 178 гаравгон аз банди Боко Ҳаром

Мақомоти Нигерия мегӯянд, ки нерӯҳои мусаллаҳи кишвар 178 гаравгонро аз банди гурӯҳи Боко Ҳаром раҳо карданд.

Намояндаи артиш дар изҳороте рӯзи 3 август гуфт, ки миёни озодшудагон 101 кӯдак, 67 зан ва 10 мард буданд. Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни амалиёти озодкунии гаравгонҳо дар аёлати Борно ҳамчунин яке аз фармондеҳони аршади Боко Ҳаром дастгир шудааст.

Дар амалиёт ҳамчунин чанд қароргоҳи ситезаҷӯён маҳв карда шуд.

Боко Ҳаром тайи шаш соли ахир барои дар шимолу шарқи Нигерия таъсис кардани давлати исломӣ талош дорад.