Панҷ соли маҳрумият аз озодӣ барои шикастани ҷоғи сарбоз

Додгоҳи низомии Суғд як сарбози Вазорати дифои Тоҷикистонро ба ҷурми шикастани ҷоғи ҳамхидматаш барои панҷ сол равонаи зиндон кардааст.

Додгоҳи ҳарбии вилояти Суғд Субҳонбек Сафарзода -- сарбози қисми низомии 08901, воқеъ дар шаҳри Чкалов (Шоҳкант)-ро барои зада шикастани ҷоғи яке аз ҳамхидматонаш барои панҷ сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Абдураҳим Бегзода, раиси Додгоҳи низомии гарнизони Хуҷанд, рӯзи 31 июл гуфт, ки ин ҳодиса баҳори соли ҷорӣ рух дода, аммо ҳукми Сафарзода ба тозагӣ эълон шудааст.

Оқои Бегзода мегӯяд, онҳо дар шаш моҳи гузаштаи соли ҷорӣ баррасии чор парвандаи ҷиноӣ дар робита ба "дедовшина" ё меҳтарсолорӣ дар қисмҳои низомӣ дар шимоли Тоҷикистонро ба поён расонда, чанд тан аз кӯҳнасарбозонро равонаи зиндон кардаанд.

Раиси Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд теъдоди дақиқи сарбозони маҳкумшуда дар ним соли гузаштаро баён накард, аммо гуфт, "ин сарбозон барои муносибатҳои ғайриоинномавӣ бо ҳамхидматон, яъне латту кӯби наваскарон ва расондани зарарҳои вазнини ҷисмонӣ ба онҳо айбдор шуданд".

Абдураҳим Бегзода дар идома гуфт, дар ҳоли ҳозир парвандаи пурсарусадои ҳалокати наваскар Фирдавс Раҳматовро дар қисми ҳарбии 04080 дар шаҳри Конибодом аз зарбу латти ҳамхидматонаш ба баррасӣ гирифтаанд. "Сержантҳои ин қисми ҳарбӣ - Комрон Раҳимов ва Раббонӣ Сулаймонов ва аскари қаторӣ - Айём Назаров ба он муттаҳам мешаванд, ки ҳамхидмати нави худ Фирдавс Раҳматовро задаанд, ки дар натиҷа вай ба ҳалокат расидааст. Муттаҳамон ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд ва дар сурати исбот шудани айбдорӣ онҳо муҷозот хоҳанд шуд," -- афзуд Бегзода.

Падару модари Фирдавси 22-сола субҳи 11 июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки ӯро ҳафтуми майи соли ҷорӣ ба артиш фиристода, баъд аз як моҳи адои хидмат, нимашаби ҳафтуми июн ҷасади беҷони писарашонро бо нишонаҳои зарбу латти шадид гирифтаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Додгоҳи гарнизони Хуҷанд бар муқобили “дед»-ҳо

Сокинони одӣ ва мақомоти масъул моҳҳои июн - июли соли равонро аз давраҳои вазнинтарин меноманд, ки чор аскари суғдӣ: Фирдавс Раҳматов, Абдуваҳҳоб Қаюмов, Парвиз Дӯстматов ва Аъзам Убайдуллоев дар моҳҳои нахустини адои хидмати ҳарбӣ др натиҷаи муносибатҳои ғайриойинномавӣ ё "дедовшина"-и кӯҳнасарбозон ба дасти ҳамхидматонашон кушта шуданд. Мақомот ба волидайни ин сарбозони ба ҳалокатрасида гуфтаанд, марги фарзанди онҳоро ҷиддан ба таҳқиқ гирифтанд.

Вазорати дифоъ се фармондеҳи қисми низомии 04080 - фармондеҳони полк, баталйон ва як ротаи қисми низомиеро, ки сарбоз - Фирдавс Раҳматов дар он ҷо ҳалок шудааст, ба далели хунукназарӣ аз иҷрои вазифа барканор намуд. Коршиносон мегӯянд, ҳарчанд солҳои охир Вазорти дифои Тоҷикистон ва мақомоти дигари зидахли кишвар ба хотири аз байн бурдани муносибатҳои ғайриоинномавӣ миёни сарбозони артиши кишвар талош мекунанд, аммо то ҳол натавонистаанд ба ҳодисаҳои меҳтарсолорӣ нуқта бигузоранд.

Музаффар Бобоҷонов, афсари собиқадор ва раҳбари созмони ҷамъияти “Волидайни сарбозон” дар Хуҷанд мегӯяд, бо тақвияти тартибу интизом дар сафҳои артиш ва таълиму тарбияи ҳарбиву ватандӯстии ҷавонон метавон муносибтҳои ғайриоинномавиро миёни сарбозон аз байн бурд. Ӯ меафзояд, “барои латту кӯби сарбоз ҷазои гунаҳкорон ва командирони қисми ҳарбиро сахттар кардан зарур аст. Агар лозим ояд, барои ин ба Кодекси ҷиноӣ тағйирот ворид кунанд. Чунки, вақте як фелдшери қисми ҳарбӣ, ки сарбози гарданаш аз зарбу латти ҳамхидмати собиқадораш шикастаро аз чашми командирон як рӯз пинҳон медорад ва табобаташро ақиб андохта, ба саломатии вай зарари ислоҳнашуданӣ мерасонад, додгоҳ танҳо ду сол ҳабси шартӣ ҷазо таъин мекунад, ки ин барои табибони дигари ҳарбӣ сабақ намешавад.”

Тоҷикистон ҳар сол дар мавсими баҳор ва тирамоҳ барои ҷалби ҷавонон ба артиш маърака роҳандозӣ мекунад. Бархе аз ҷавонон аз ин маъракаҳо худро канор гирифта, ё дар пушти донишгоҳҳо паноҳ мешаванд, ё дар муҳоҷирати корӣ дар Русия.

Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки солҳои охир муносибат дар артиш тағйир ёфта, ҳолатҳои меҳтарсолорӣ аз байн рафтааст, аммо сари чанд вақт пайдо шудани наворҳои латту кӯби сарбозон аз сӯи ҳамхидматони собиқадорашон ва ё марги баъзе аз сарбозон дар маҳалли хидмат ин гуфтаҳоро то ҳадде рад мекунад. Бо ин ҳол, Вазорати дифои Тоҷикистон гуфт, ҳоло дар тамоми қисмҳои низомӣ дурбинҳои назорати насб кардаанд ва ин имкон медиҳад, ки аз ҳодисаҳои латту кӯб дар артиш ҷилавгирӣ шавад.