Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, мегӯяд, ҳарчанд вазъ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон феълан мӯътадил аст, он метавонад, тағйир ёбад ва ниҳодҳои марбутаи кишвар бояд ба чунин тағйир омода бошанд. «Имрӯз вазъ дар марз мӯътадил ва ором аст, вале баъзе як қатор омилҳои дохилӣ ва хориҷие ҳастанд, аз эҳтимоли тағйири вазъ дар хатти марз ҳушдор медиҳанд,» -- гуфт ӯ ва бо ишора ба бад шудани авзоъ дар шимоли Афғонистон, қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа ва фаъолияти гурӯҳҳои фаромиллии ҷиноӣ афзуд, ки бояд барои таҳкими сарҳад чораҳои илоагӣ дида шаванд. Вай ҳифзи амниятро яке аз вазифаи асосии давлат номид ва гуфт: «Мо ҳамаи чораҳоро барои пешгирӣ аз хатарҳоои эҳтимолӣ ва муқовимат бо онҳо пиёда хоҳем кард.»