Яке аз ёварони раҳбари даргузаштаи «Толибон» Мулло Муҳаммад Умар гуфт, раҳбари тозатаъини ин ҷунбиш ба мухолифати зиёд аз сӯи фармондеҳони аршад рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Мулло Ахтар Муҳаммад Мансур, вазири пешини авитатсия дар ҳукумати Афғонистон замони қудрати “Толибон”-ро рӯзи 30 июл раҳбари нави ҷунбиш эълон карданд.
Аммо Мулло Муҳаммад Ҳасан Раҳмонӣ, волии пешини Қандаҳор замони ҳукмронии “Толибон” рӯзи ҷумъа ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Муҳаммад Мансур аз сӯи гурӯҳи хурди раҳбарият интихоб шудааст ва ба номзадии ӯ чанд фармондеҳи аршад, аз ҷумла, Мулло Абдурозиқ ва Мулло Абдулло Қаюм Зокир мухолифанд. Ба гуфтаи Раҳмонӣ, онҳо мехҳанд, ки дар садри ҷунбиш Мавлавӣ Яъқуб, писари 23-солаи Мулло Умарро бубинанд. Аммо баъзе аз раҳбарони “Толибон” Мавлавӣ Яъқубро барои раҳбарӣ ба ҷунбиш хело ҷавон мехонанд.
Мулло Муҳаммад Ҳасан Раҳмонӣ ҳамчунин гуфт, ҳанӯз ягон гурӯҳро аз “Толибон” барои идомаи музокироти сулҳ бо ҳукумати Кобул, ки баъд аз эълони хабари даргузашти Мулло Умар мавқуф гузошта шудааст, интихоб накардаанд.