Толибон гузоришҳоро дар бораи даври нави музокироти сулҳ рад карданд. Ин музокирот барои ҳамин ҳафта бо ҳукумати Афғонистон ба нақша гирифта шуда буд.
30 июл Забеҳуллоҳ Муҷоҳид-сухангӯи Толибон гузоришҳои матбуотиро мисол овард, ки музокирот ба зудӣ дар Чин ва ё дар Покистон баргузор мешавад. Вай гуфт, дафтари сиёсии Толибон, ки салоҳияти баргузории музокиротро дорад, изҳор доштааст, ки “ аз чунин гапҳо бехабар аст”.
Музокиракунандагони Афғон ҳамин ҳафта ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки даври дуввуми музокирот 31 июл баршгузор мешавад ва Покистон мизбонии ин музокиротро бар дӯш хоҳад дошт.
Вале баъд аз эълони фавти Мулло Умар-раҳбари Толибон дурнамои ин музокирот номаълум боқӣ мондааст. Кобул 29 июл эълон кард, ки Мулло Умар 2 сол пеш дар бемористони шаҳри Карочии Покистон аз беморӣ даргузаштааст.
Аммо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар изҳороти худ дар бораи фавти Мулло Умар ва ё тафриқаву ҷудоӣ дар байни Толибон чизе нагуфт.