Салоҳиддин Демиртош, раиси ҳизби тарафдори курдҳо дар Туркия бо номи Ҳизби Халқии Демократӣ гуфт, таъсиси “минтақаи амн”, ки Туркияву Амрико мехоҳанд, дар шимоли Сурия таъсис диҳанд, талоше барои монеъ шудан ба азми курдҳо барои таъсиси минтақаи ҳамҷавор аст. Салоҳиддин Демиртош ба Би Би Си гуфт, амалиёти Туркия ба зидди гурӯҳи Давлати исломӣ ва таъсиси минтақаи буферии 110 километрӣ дар манотиқи марзии ҷанубушарқи Туркия “сарпӯше” барои ҳадаф гирифтани шӯришиёни Ҳизби Коргарони Курдистон аст. Амрико ин ҳизбро гурӯҳи террористӣ меномад, вале дар муборизаи размандагони курд алайҳи ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ дар Ироқу Сурия кӯмак мекунад. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия рӯзи 28-уми июл гуфт, ки дигар “мусолиҳа бо шуришиёни курд имконнопазир аст”, зеро онҳо ваҳдати миллӣ ва тамомияти арзии Туркияро ба хатар меандозанд. Ҳизби Коргарии Курдистон гуфт, баъди бомборони урдугоҳҳои курдҳо дар шимоли Ироқ, дар ҳафтаи гузашта созиши оташбас бо Туркия амалан хотима ёфт. Дар он ҳафта Туркия ҳамзамон мавзеи курдҳо ва ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломиро бомборон кард.