Арзиши рубли Русия дар нуқтаҳои табодули пулҳои хориҷӣ дар Маскав боз дар баробари як доллар аз марзи 60 рубл гузашт. Аз моҳи март то ҳол як доллар аз 60 рубл нагузашта буд.
Баъд аз поён рафтани арзиши нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва ҷорӣ шудани таҳримҳои иқтисодии Ғарб бар зидди Русия иқтисоди Русия заиф шудааст. Ин таҳримҳоро Ғарб барои ҷонибдории Русия аз ҷудоихоҳони Украина ва ҳамроҳ кардани Қрим ба қаламрави худ ҷорӣ кардааст.
Ҳафтаи гузашта Русия тақрибан 90 миллирд долар аз захираҳояшро барои ҳимояти арзиши рубли худ дар баробари доллар сарф кард.