Гурӯҳбандии кишварҳо дар мубориза бо қочоқи инсон

Ҷон Керрӣ ҳангоми муаррифии гузориши қочоқи инсон

Вазорати корҳои хориҷаи Амрико гузориши солонаи зхудро дар бораи мубориза бо қочоқи инсон ба чоп расонд. Муаллифони гузориш кишварҳоро бо назардошти барномаҳои пешниҳодшуда барои мубориза бо қочоқи инсон ба се гурӯҳ тақсим кардаанд.

Ба гурӯҳи аввал кишварҳое ворид шудаанд, ки бо қочоқи ин сон мубориза фаъол мебаранд ва он бо меъёрҳои мубориза мутобиқ аст. Кишварҳое, ки қисман ба ин меъёрҳо ҷавобгӯ ҳастанд, ба гурӯҳи дуввум даромадаанд. Ва ба гурӯҳи севвум кишварҳое медраоянд, ки барои мубориза бо қочоқи ин сон талоши кофӣ ба харҷ намедиҳанд.

Русияву Беларус, Таиланду Эрон, Либияву Венесуэла, Корияи Шимолӣ ва Судони Ҷанубӣ ба гурӯҳи севвум даромадаанд. Ба гурӯҳи дуввум Украинаву Озарбойҷон, Узбакистону Туркманистон ва Чин дохил шудаанд.

Амрикову Британия, Олмону Фаронса ва Арманистон ба гурӯҳи кишварҳои якум даромадааанд.

Бино бар ин гузориш, занону мардони тоҷик дар як соли гузашта дар Русия, Имороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Қазоқистон ва худи Тоҷикистон ҳадафи қочоқ ва истисмор қарор ёфта, шаҳрвандони Афғонистон ва Бангладеш дар ин кишвар қурбонии қочоқ шудаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар як соли гузашта 28 ба парвандаи қочоқро расидагӣ ва дар 22 мавриди қочоқҳукм баровардаанд, ки назар ба соли гузашта 3 парванда бештар аст. Бо ин ҳам Тоҷикистон ҳамоно дар феҳрист дар гурӯҳи дувум боқӣ мондааст.