Довудоғлу: Зарбаҳо вазъро тағйир медиҳанд

Аҳмад Довудоғлу, нахуствазири Туркия, гуфт, ки зарбаҳои ҳавоӣ ба ситезаҷӯёни гурӯҳи «Гурӯҳи исломӣ» ва мусаллаҳони Ҳизби коргарони Курдистон дар Сурия ва шимоли Ироқ метавонад «бозӣ» дар минтақаро тағйир диҳад. Изҳороти ӯ дар ин бора рӯзи 27 июл дар мулоқот бо сардабирони нашрияҳои асосии Туркия пахш шуд.

Рӯзномаи Hurriyet аз қавли нахуствазир навиштааст, ки дигар кишварҳо низ бояд вазъро арзёбӣ ва муносибаташонро ба ҳаводиси минтақа дигар кунанд.

Аҳмад Довудоғлу ҳамчунин гуфт, ки Анкара қасди ба Сурия фиристодани нерӯҳои пиёдагардро надорад.

Ҳавопаймоҳои ҷангии Туркия рӯзи якшанбе ҳам бомборони мавқеъҳои мусаллаҳони Ҳизби коргарони Курдистон дар шимоли Ироқро идома доданд.

Аз ин пеш мусаллаҳони курд дар канори шаҳри Диёрбоқир, воқеъ дар ҷанубу шарқи Туркия, ду сарбози туркро кушта, чаҳор нафари дигарашонро маҷрӯҳ карданд.