Ҳаштумин ҷаласаи омодагии Тоҷикистон дар робита ба вазъи захираҳои рушди инсонӣ дар толори меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенси”-и шаҳри Душанбе оғоз ба кор кардааст. Ин ҳамоиши дурӯза ба ибтикори Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дар ҳамкорӣ бо давлати Тоҷикистон ва созмонҳои ҷомеаи маданӣ сурат мегирад.
ТТаъсири бӯҳрони молӣ ба иқтисоду молия, масоили муҳоҷират, таъмини амният ва дар маҷмӯъ ба вазъи ҳуқуқи башар, аз ҷумла озодии баёну андеша ва ҳамчунин гирдиҳамоиҳову роҳпаймоиҳо аз мавзӯъҳои меҳварии ин нишаст унвон мешавад. Интизор меравад, баҳс бар сари ин масоил ва арзёбии вазъи захираҳои рушди инсонӣ аз ҷониби иштирокдорон сурат бигирад Ин аст, ки дар ин нишаст бар иловаи мақомоти давлатӣ, раёсати ҷумҳур ва ваколатдори ҳуқуқи башар, ҳамчунин 120 нафар аз ҳудуди 30 созмони иҷтимоӣ, аҳзоби сиёсӣ, ҳуқуқдонону коршиносон ва фаъолони ҷомеаи маданӣ ширкат доранд. Ба таъкиди дастандаркорони ин нишаст, ширкатдорон таклифу пешниҳодотро дар заминаи рушди инсонӣ матраҳ ва ба ҷониби САҲА ироа мекунанд.