Дар Озарбойҷон муҳокимаи додгоҳии Хадиҷа Исмоилова, хабарнигори шинохта ва ҳамкори Радиои Озодӣ шурӯъ шуд. Хадиҷаро, ки ҳафт моҳ боз дар боздошт аст, ба бӯҳтон задан, сарпечӣ аз пардохти молиёт, тиҷорати ғайриқонунӣ ва сӯистифода аз мақом муттаҳам мекунанд. Вале созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ва тарафдоронаш мегӯянд, ки ҳамаи иттиҳомот ангезаҳои сиёсӣ дорад ва ҳукумати Озарбойҷон мехоҳад, барои гузоришҳои таҳқиқотии Хадиҷа Исмоилова дар бораи муомилаҳои молии раиси ҷумҳур Илҳом Алиев ва аҳли хонаводааш, аз ӯ ниқор бигирад. Рӯзномаҳои мӯътабари “Вашингтон Пост” ва “Ню Йорк Таймс” ва ҳомиёни ҳуқуқ аз ҳукумати Озарбойҷон хостаанд, ки Хадиҷа Исмоиловаро озод кунад. Созмонҳои хабарнигорӣ ба Хадиҷа Исмоилова барои фаъолият ва гузоришҳои таҳқиқотиаш ҷоизаҳои зиёде додаанд. Худи ӯ дар номае, ки аз дохили зиндон ба “Ню Йорк Таймс” фиристодааст, гуфтааст, “Озарбойҷон дар умқи бӯҳрони ҳуқуқи инсон” аст ва аз ҷомеаи байналмилалӣ хостааст, ба Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон фишор биёранд, ки маҳбусони сиёсиро озод кунад. Ненад Пейич, яке аз мудирони иҷроия ва сардабири Радиои Озодӣ гуфт, боздошти Хадиҷа Исмоилова “ҳеҷ робита ба қонуншиканӣ надорад ва ҳадаф аз муҳокимаи ӯ ба ҳар роҳе хомӯш кардани Хадиҷа ва Радиои Озодӣ асту тамом.”