Барои кормандони сохторҳои корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҷониби Дафтари САҲА дар Душанбе як давраи омӯзишӣ оғоз шудааст, ки ҳадаф аз он таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба ҳангоми баргузории чорабиниҳои оммавӣ мебошад. Масъулони дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 22 июл зимни тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки “ин давраи омӯзишии чоррӯза дар чорчӯби барномаҳои ҳамкории вазорати корҳои дохилӣ бо САҲА ва бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ сурат мегирад”. Ба гуфтаи ин масъулон, дар ин давраи омӯзишӣ, полковники милитсия Алӣ Бобоназарзода, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи вазорати корҳои дохилӣ, кормандони воҳидҳои таъиноти махсус, қӯшунҳои дохилӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятии вазорат ширкат доранд. Давраҳои омӯзиширо коршиносони байналмиллалӣ - сардори политсия оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Олмон Феликс Пашек ва нозири политсияи миллии Шветсия Мартин Свенссон баргузор мекунанд. Ин аст, ки “дар рӯзи аввали тренинг, ки рӯзи 21 июл доир шуд, таҷрибаи пешқадами ин ду кишвари Аврупо вобаста ба чорабиниҳои маъмулии политсия ҳангоми намоишҳои оммавӣ ва ҷамъомадҳо, заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии политсия дар вақти гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ ва дигар паҳлӯҳои мавзӯи матраҳшуда, мавриди шиносоӣ ва омӯзиши иштирокчиён қарор дода шуд". Зимнан, митингу гирдиҳамоиҳо ва тазоҳурот аз ҷумлаи чорабиниҳои оммавӣ дониста мешаванд, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон баргузории онҳо бидуни иҷозаи мақомот ғайриқонунӣ мебошад.