Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон имрӯз машқҳои серӯзаи муштараки нирӯҳои марзбонии ин ду кишвар шурӯъ шуд. Муовини нахуствазири Қирғизистон Абдураҳмон Маматалиев дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ аз шаҳри Бишкек гуфт, ин нахустин машқҳои муштараки марзбонони ду кишвар аст, ки таҳти унвони “Сипар-2015” баргузор шуда, се рӯз идома мекунанд. Ин машқҳо дар минтақаи марзии байни ду кишвар дар минтақае барпо мешавад, ки солҳои охир дучори задухӯрдҳои марзӣ ва хушунатҳо шудааст. ”Имрӯз мо тавассути интернет дар маросими кушоиши машқҳои низомии ҳайатҳои фармондеҳии ситоди нирӯҳои марзбонии “Сипар-2015” иштирок кардем. Фармондеҳони қирғиз ба мо гузориш доданд. Худи машқҳо фардову пасфардо дар марзи вилояти Ботканд ва ноҳияи Исфараи Тоҷикистон бо ширкати низомиёни ҳарду ҷониб баргузор мешаванд. Ҳадафи ин машқҳо роҳ надодан ба низоъҳои марзӣ аст”, гуфт ӯ. Маматалиев гуфт, бахши амалии машқҳо фардову пасфардо баргузор шуда, нирӯҳои марзбонии тоҷик рӯзи 23 июл ба тамринҳои муштарак мепардозанд. “Ин як тадбири хубе дар амри ҳалли масоили байнисарҳадии ду кишвар аст, ки барои беҳтар шудани вазъ дар марз ва дар равобити байни марзбонҳо хизмат мекунад”, гуфт Маматалиев, ки раҳбарии комиссиюни байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистонро аз ҷониби кишвар худ ба ӯҳда дорад. Пеш аз ин машқҳо як нишасти раҳбарони нирӯҳои марзбонии ҳарду кишвар, ки дар самти сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон хизмат мекунанд, дар Ботканд баргузор шуда буд, гуфт ӯ.
Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар баргузории ин тамринҳо мусоидат кардааст. Марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки бахши аъзамаш ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст, ҳар сари чанд ба макони моҷароҳои сокинони рустоҳои наздимарзӣ табдил мешавад. Баҳси асосии сокинон барои дастрасӣ ба чарогоҳ, об ва роҳҳо бархоста, ҳар ҷониб бо таъкид ба ин ки ин қаламрав ҳамеша моли ин ё он тараф будааст, изҳори норизоият мекунанд. Соли гузашта дасти кам 4 шаҳрванди Тоҷикистон дар чунин моҷароҳои марзӣ кушта шуданд. Охирин қазия 6 июли имсол рух дод. Дар марзи миёни Исфара ва Бодканд дар натиҷаи моҷарои байни марзбонҳои қирғиз ва сокинони ҷамоати Чоркӯҳ, як ҷавони 18-солаи тоҷик кушта шуд. Ҳарду ҷониб ҳам ҳамдигарро дар сар задани моҷаро муттаҳам карданд.