Ҳимояти генерали амрикоӣ аз таъмини Украина бо силоҳ

Генерал Марк Милли

Як генерали аршади амрикоӣ гуфт, Ийолоти Муттаҳида масъалаи таъмини Украина бо силоҳҳои ҷангӣ ва истиқрори нозирони парвозҳои ҳавоӣ дар атрофи манотиқи ҷангзадаи Ироқро “ҷиддан баррасӣ мекунад.” Генерал Марк Милли, ки ба мақоми фармондеҳи ояндаи стоди артиши Амрико пешбарӣ шудааст, гуфт, ӯ бо фармондеҳи нирӯҳои баҳрӣ Ҷо Данфорд мувофиқ аст, ки Русия ба далели захираи бузурги силоҳҳои ҳастаияш ва рафтори “хеле, хеле аггрессивӣ”-аз аз соли 2008 ба ин тараф бузургтарин таҳдид ба Амрикоро ба миён овардааст. Генерал Милли ба Кумитаи хадамоти мусаллаҳи Сенат гуфт, “онҳо ҳамла оварда, Гурҷистонро ишғол карданд, онҳо Қримро тасарруф карданд, онҳо ба дохили Украина ҳамла кардаанд. Ин ташвишовар аст.” Ӯ гуфт, ки тарафдори таъмини Украина бо силоҳҳои ҷангист. Амрико то кунун ба далели роҳ надодан ба ташдиди бештари низоъ аз ироаи силоҳҳои ҷангӣ ба Киев худдорӣ мекард, Вале изҳороти Милли аломат медиҳад, ки Пентагон ҳоло метавонад ин мавзӯъро низ баррасӣ кунад.