Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ба ҳар хонаводае, ки дар пайи омадани сел манзилҳояшонро пурра аз даст додаанд, 10 ҳазор сомонӣ ва барои онҳое, ки манзилҳояшон қисман вайрон шудааст, 6 ҳазор сомонӣ кумак мекунад. Оқои Раҳмон ин ҳарфҳоро дар ҷаласаи рӯзи 22 июли ҳукумати Тоҷикистон дар Душанбе баён доштааст. Ӯ афзудааст, "хонаҳои харобшуда то 6 ноябри соли 2015 пурра барқарор карда шаванд, то ашхосе, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ бехона мондаанд, дар зимистон соҳиби хонаҳои нав гарданд." Раисиҷумҳур дастур додааст, ки тамоми масолеҳи сохтмонӣ ба зарардидагони офатҳои табиӣ аз ҳисоби давлат бепул таъмин шавад. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, бар асоси ҳисобҳои пешакӣ хисороти моддии офатҳои табиии рӯзҳои охир дар тамоми манотиқи кишвар 600 миллион сомонӣ, муодили тақрибан сад миллион долларро ташкил медиҳад. "Аз ҷумла, дар ноҳияи Шуғнон 72 дар ноҳияи Рашт 50 хона пурра ва 15 хона қисман вайрон шудааст," -- афзуд манбаъ.