Вазири иршод, ҳаҷ ва авқофи Афғонистон бо як сафари корӣ ба Тоҷикистон омадааст. Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 21 июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Файзмуҳаммад Усмонӣ, вазири иршод, ҳаҷ ва авқофи Афғонистон ба манзури ширкат дар ҳамоиши “Ислом алайҳи ифротгароии мазҳабӣ ва терроризм” ба душанбе омадааст.
Ин ҳамоиш 22 ва 23 июл ба ибтикори ҳукумати Тоҷикистон баргузор мешавад. Ба гуфтаи ҷаноби Муқим, ҳадафи аслии ин ҳамоиши байналмилалӣ, баррасии таҳаввулоти ахир дар минтақа ва ҷаҳон дар мавриди паёмадҳои терроризм ва ифротгароӣ аст, ки бештар онро ба ислом рабт медиҳанд. Дар ҳоле, ки ба таъкиди ҷаноби Муқим, он чӣ дар минтақа ва ҷаҳон, ба хусус кишварҳои исломӣ мегузарад, рабте ба ислом надорад. Ба ин далел, сухангӯи Кумитаи дин афзуд, ки Тоҷикистон бо баргузории ин ҳамоиши байналмилалӣ мехоҳад, то чеҳраи аслии исломро бори дигар ба ҷаҳониён бишносонад. Чун дини мубини ислом ваҳдату тафоҳум ва сулҳу субот аст, на ҷангу куштор.
Афшини Муқим мегӯяд, бар иловаи вазири иршод, ҳаҷ ва авқофи Афғонистон беш аз 30 меҳмони хориҷии дигар, аз ҷумла ҷаноби Қарадоғӣ, дабири кулли Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусалмон, Шайхулислом Оллоҳшукур Пошозода, раиси идораи мусалмонони Қафқоз ва рӯҳониёну диншиносон ва раҳбарони ҷамъиятҳои мазҳабии суннатӣ аз Русия, кишварҳои арабӣ, Ҳинд, Аврупо ва дигар кишварҳо ва ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои динии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон даъват шудаанд, ки бо мубодилаи афкор зидди терроризму ифротгароӣ будани исломро баҳсу баррасӣ хоҳанд кард.
Қарор аст ҳамоиши байналмилалии “Ислом зидди тероризм ва ифротгароии динӣ” дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва бо ширкати мақомоти баландпояи ин кишвар баргузор шавад.