Сафари муфтии Қафқоз ба Душанбе

Оллоҳшукур Пошозода

Шайхулислом Оллоҳшукур Пошозода, раиси идораи мусалмонони Қафқоз рӯзи 21 июл ба Душанбе сафар мекунад. Ин рӯҳонии маъруф рӯзҳои 22-23 июл дар пойтахти Тоҷикистон дар анҷумани “Ислом алайҳи ифротгароии мазҳабӣ ва терроризм” ширкат хоҳад кард. Дар ин анҷуман ширкати рӯҳониёну диншиносон ва раҳбарони ҷамъиятҳои мазҳабии суннатӣ аз кишварҳову минтақаҳои мухталиф дар назар гирифта шудааст. Гуфта мешавад, сафари Оллоҳшукур Пошозода бо даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад.

Оллоҳшукур Пошозодаи 66-сола аз ақалияти қавмии толишҳои Озарбойҷон буда, ҳанӯз соли 1980, вақте ҳамагӣ 31 сол дошт, раҳбари идораи мусулмонони Қафқоз интихоб шуда буд. Ӯ улуми диниро ибтидо дар мадрасаи “Мири Араб”-и Бухоро омӯхта, соли 1975 донишкадаи исломии Тошканд – танҳо мактаби олии исломӣ дар Иттиҳоди Шӯравиро хатм кардааст.