Гум шудани 670 бағоч дар ним сол

Масъулони Фурудгоҳи байналамилалии Душанбе аз гум шудани 670 бағоч дар шаш моҳаи аввали соли ҷорӣ хабар доданд. Азиз Иброҳимов, муовини раиси кулли Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рӯзи душанбеи 20 июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ нисбати гум шудани бағоч 670 муроҷиат ба Фурудгоҳи Байналмилалӣ ворид шудааст, ки 663 муроҷиати мусофиронро қонеъ кардаанд. Ба ин тартиб ба иттиллои масъулони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, дар 7 маврид натавонистанд муроҷиати мусофирон дар робита ба гум шудани бағочашонро қонеъ намоянд.

Ҳамзамон масъулони Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе дар мавриди мутаваққиф шудани парвозҳо ё фаъолияти Фурудгоҳи байналмиллалии Қӯрғонтеппа гуфтаанд, ки сабаб дар мушкилоти моддӣ набуда, бештар ба фаъолияти ширкати “Истэйр” бастагӣ дорад. Зеро ба гуфтаи масъулони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, парвозҳо аз ин фурудгоҳ тавассути ширкати “Истэйр” анҷом мешуд, аммо сарнавишти ин ширкат ҳоло маълум нест. Дар ҳамин ҳол ба иттилои масъулони Фурудгоҳи байналмиллаии Душанбе, интизор меравад пас аз даҳ рӯзи дигар парвозҳо ба хати сайри “Қӯрғонтеппа - Маскав” тариқи ҳавопаймоҳои ширкати “Тоҷикэйр” шурӯъ шаванд.