Дар шаҳри Маскав дар синни 68-солагӣ собиқ раиси Думаи давлатӣ Сергей Селезнев даргузашт. Дар ин бора ба оҷонсии Интерфакс домоди сиёсатмадори маъруф Андрей Андреев хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, рӯзҳои охир вазъи саломатии Селезнев хеле бад шуд ва табибон ҳам натавонистанд барояш кӯмак кунанд. Дар оғози моҳи июл Селезнев бо диагнози шадидшавии илтиҳоби шуш ба бемористон интиқол ёфт.
Геннадий Селезнев дар чор давра депутати Думаи давлатии Русия буд ва аз соли 1993 то 2007 дар парлумон кор кард. Дар давоми солҳои 1995-2003 ӯ раҳбари палатаи поёнии парлумони Русия будааст.