Мақомоти ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон ба 66 сокини ҷамоати деҳоти Сӯчон, ки манзилҳояшонро пурра сел шустааст, қитъаи замин ҷудо карданд. Азиз Гиёев, раиси ноҳияи Шуғнон, 19 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар маҷмӯъ дар пайи омадани сел 72 хонавода дар ноҳияи Шуғнон зиён дидаанд.
“58 манзили зист пурра ва 8 манзили зист қисман дар пайи ин обхезӣ хароб шуданд. Боз об ба 6 хонаи дигар низ даромад, аммо баъд аз паст шудани сатҳи об, ин хонаҳо аз тахриб шудан эмин монданд,” – шарҳ дод Гиёев.
Раиси ноҳияи Шуғнон гуфт, ки Қоҳир Расулзода – нахуствазири Тоҷикистон ба маҳҳали ҳодиса рафта буд ва пас аз ошноӣ бо вазъ дастур додааст, ба ҳамаи онҳое, ки дар пайи сел манзилашонро аз даст додаанд, қитъаҳои нави замин ҷудо карда шавад. Ба ин тартиб, мақомоти ноҳияи Шуғнон ба онҳое, ки дар пайи сел манзилҳои зисташонро аз даст доданд, дар деҳаи поёноби Манем 10 гектар замин ҷудо кардаанд.
Азиз Гиёев мегӯяд, "дар деҳаи Манем беш аз 20 гектар машқгоҳи нерӯҳои марзбонӣ вуҷуд дошт. Бо супориши сарвазир 10 гектарашро барои сокинони аз сел зарардида ҷудо кардем. Ҳамчунин, Кумитаи захираҳои давлатӣ ба ин мавзеъ ҳудуди 100 тонна семент меорад ва барои бунёди манзил ба афроди зарардида тақсим хоҳад кард." Вале бархе аз сокинони Бадахшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин суолро матраҳ кардаанд, ки онҳо чи гуна манзилҳои худро хоҳанд сохт?
Ҳоло мақомот бо кумаки созмонҳои байнулмилалӣ, назири Бунёди Оқохон ва Созмони Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар деҳаи Манем барои афроди бесарпаноҳмонда як шаҳраки хаймаҳо ташкил кардаанд. Мақомот мегӯянд, зарардидагон дар ин хаймаҳо ҳоло ба сар мебаранд ва дар як рӯз бо се вақт ғизо таъмин ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол, яке аз бошандагони ин хаймаҳо, ки нахост номаш бурда шавад дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи якшанбе Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба ин мавзеъ рафта, бо сокинони хаймаҳо сӯҳбат кардааст. Ба қавли ҳамсӯҳбати мо оқои Раҳимзода ҳангоми сӯҳбат бо сокинон гуфтааст, ки “рӯзҳои наздик раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Бадахшон сафар карда, бо сокинон мулоқот анҷом хоҳад дод”.
Баъд аз сели харобиовари 16 июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Шуғнон нахуствазир, вазирони корҳои дохилӣ, нақлиёт, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва масъулони дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур ба Бадахшон рафта, аз маҳалҳои селзада боздид намуданд. Дар пайи ин сел бар иловаи манзили сокинон як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, дуним километр роҳи байнулмилалии Душанбе-Мурғоб, 2 километр роҳи мошингарди маҳаллӣ ва 4 километр хатти интиқоли нерӯи барқ хароб шуданд. Бино ба ҳисоби пешакӣ маблағи хисороти сел дар Шуғнон 19 миллиону 353 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан 3 миллион доллар будааст.
Дар ҳамин ҳол, дар Душанбе се нуқтаи қабули ёриҳо ба сокинони осебдидаи Шуғнон ташкил шуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам даъват барои ҷамъоварии маблағ идома дорад.