Бар асари тирандозиҳо дар шарқи Украина рӯзи гузашта се сокини осоишта ва як сарбози артиш кушта шуданд. Дар ин бора вазорати дифои Украина рӯзи 18 июл хабар дод.
Низомиёни воломақом гуфтанд, се сокини осоишта бар асари тирандозии ҷудоихоҳон дар шаҳри Авдеевка, ки таҳти назорати нерӯҳои ҳукуматист, ба ҳалокат расиданд. Авдеевка дар шимоли шаҳри Донетск воқеъ аст. Сарбози украинӣ бошад, дар вилояти ҳамсояи Луҳанск ҷон бохтааст.
Ба иттилои вазорати дифоъ, тайи шабонарӯзи гузашта авзоъ дар минтақаи низоъ ба карат нооромтар шуд. Дар ҳамин ҳол ҷудоихоҳон, нерӯҳои ҳукуматиро дар тирборони шаҳри таҳти назораташон айбдор карданд.
Бар асари даргириҳо миёни ҷудоихоҳони рустабор ва артиши Украина дар Донбасс шурӯъ аз моҳи апрели соли гузашта беш аз 6500 нафар ба ҳалокат расиданд.