Барак Обама ба мунаққидони созиши ҳастаӣ бо Эрон, ки миёни Эрон ва гурӯҳи «панҷ ба изофаи як» ҳосил шудааст, посух гуфт. Дар паёми рӯзи 18 июл ӯ таъкид кард, ки "бидуни ин созиш мо шоҳиди ҷанги нав дар нооромтарин минтақаи олам хоҳем шуд».
Ҳайатҳои Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ (ИМА, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон) рӯзи 14 июл роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон дар Вена, пойтахти Австрия ба тавофуқ расиданд. Бар пояи ин созиш, Эрон ба ивази лағви таҳримҳои байнулмилалӣ барномаи ҳастаии худро коҳиш медиҳад.
Ҷумҳурихоҳони мухолифи Барак Обама умедворанд, ки дар раъйдиҳӣ ба ин санад дар Конгресс, ки бояд баъд аз ду моҳи имзои созиш сурат бигирад, он раъйи мухолиф хоҳад гирифт. Дар он сурат таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон пойбарҷой хоҳанд монд.
Барак Обама дар паёми ҳафтаинааш гуфт, ки соиши ҳастаӣ Эронро аз бомби ҳастаӣ дуртар мекунад. Ва дар сурати аз сӯи Теҳрон иҷро нашудани созиш, афзуд Обама, таҳримҳо алайҳи Эрон дубора эҳё карда хоҳанд шуд.
Дар ҳамин ҳол Оятулло Алии Хоманеӣ, раҳбари мазҳабии Эрон, изҳор намуд, ки бо вуҷуди ҳосил шудани созиши ҳастаӣ муносибати Теҳрон ба сиёсати “мағрурона”-и Амрико тағйир намеёбад. Дар паём ба мардум ба шарафи Иди Фитр рӯзи 18 июл Хоманеӣ гуфт, ки Эрон аз мухолифини сарсахти сиёсати ИМА дар Ховари Миёна боқӣ хоҳад монд.
Хоманеӣ, ки ҳаққи ҳарфи ахир дар умури давлатии Эронро дорад, гуфт, ӯ аз сиёсатмадорон хостааст то созишро биомӯзанд ва бубинанд, ки дар он манфиатҳои милли Эрон то куҷо ба назар гирифта шудаанд. Раҳбари Эрон таъкид намуд, ки ӯ ба ҳеҷ ваҷҳ ба поймол шудани арзишҳои инқилоби исломӣ роҳ нахоҳад дод.