Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар рӯзи Иди саиди Фитр дар кишвар ҳангоми оббозӣ панҷ кас ҷон бохтаанд. Ба иттилои манбаъ, 17 июл ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Восеъ ҳангоми оббозӣ кардан дар дарёи Ёхсу аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. “Инчунин, худи ҳамон рӯз сокини 58-солаи шаҳри Душанбе дар дарёи Кофарниҳон, ҷавонзани 31-сола ва ҷавони 22-сола - сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳудуди ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” ва духтарчаи 8-сола, сокини ноҳияи Спитамен ҳангоми оббозӣ дар канали “Нов-1” дар об ғарқ шуда, фавтидаанд,” – афзуд манбаъ. Мақомоти ВКД мегӯянд, ки ин ҳодисаҳо аз беэҳтиётӣ рух дода ва онҳо аз сокинон хостаанд, ки ба ҳангоми оббозӣ ҳушёр бошанд.