Ашраф Ғанӣ ба раҳбари Толибон изҳори сипос кард

Ашраф Ғанӣ

Ашраф Ғанӣ-раиси ҷумҳури Афғонистон мегӯяд, ягона роҳи таъмини сулҳ дар Афғонистон музокира бо Толибон аст. Вай ин суханонро зимни табрикоти худ ба муносибати иди Фитр 17 июл изҳор дошт.

Ғанӣ гуфт, “музокирот роҳи ҳал аст, роҳест, ки мардуми мо мехоҳад ва мехоҳад, ки ба хунрезӣ хотима диҳад”. Ғанӣ ҳамчунин ба раҳбари рӯҳонии Толибон барои қабули пешниҳоди музокироти сулҳ изҳори сиспос кард.

Мулло Муҳаммад Умар дар изҳороти 15 июли худ гӯё музокироти сулҳ бо ҳукумати Афғонистонро эътироф кардааст. Вай гуфтааст, ҳадафи музокироти сулҳ хотима додан ба раванди “ишғоли Афғонистон тавассути нируҳои хориҷӣ мебошад”.

7 июл Покистон мизбонии нахустин музокироти сулҳи миёни ҳайатҳои Толибон ва Шӯрои Олии сулҳи Афғонистонро бар уҳда дошт.