Марказҳои таълимии Гулен баста намешаванд

Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва Фатҳуллоҳ Гулен

Додгоҳи Қонуни асосии Туркия қонуни зиддунақиз дар бораи бастани ҳазорон маркази хусусии таълимиро рад кард. Додгоҳ 13 июл эълон кард, ки ин қонун бо Қонуни асосии кишвар муғойират дорад. Ин қонунро моҳи марти соли ҷорӣ парлумони Туркия ба тасвиб расонд ва дар он гуфта мешавад, ки марказҳои таълимии хусусӣ бояд то 1 сентябри соли 2015 баста шаванд.

Ин қонун иқдоми нави Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисиҷумҳури кишвар, василаи мубориза бар зидди Фатҳуллоҳ Гулен, рӯҳонии Туркия арзёбӣ мешавад, ки дар Амрико ба сар мебарад ва назорати марказҳои таълимиро дар ихтиёр дорад. Гулен ҷунбишеро бо номи Ҳизмет (Хизмат) раҳбарӣ мекунад, ки он аз бахшҳои моливу таълимӣ ва матбуотӣ иборат аст.

Эрдуғон Гуленро муттаҳам карда буд, ки дар паси иддао роҷеъ ба ришвахорӣ қарор дорад. Ин даъвоҳо соли гузашта ҳукумати вайро ба ларза даровард. Вале Гулен ин иддаоро рад мекунад.