Нахуствазири Руминия дар чанд ҷурм айбдор шуд

Виктор Понта

Додситонҳои Руминия рӯзи 13 июл хабар доданд, ки нахуствазир Виктор Понта дар тақаллубкорӣ, сарпечӣ аз андоз ва “шустушӯ”-и пул айбдор мешавад. Дар як изҳороти додситонҳо гуфта шудааст, ки баъзе аз ҳисобҳои бонкии Понта муваққатан мунҷамид карда шуданд.

Дар чаҳорчӯби парвандаи ҷиноӣ, ки ҳанӯз моҳи июн боз шуда буд, аъмоли Понта замони фаъолияташ ҳамчун вакили мудофеъ ва вакили парлумон буданаш бозрасӣ мешавад.

Виктор Понта иттиҳомро рад мекунад ва ахиран изҳор намуд, ки бо муфаттишон ҳамкорӣ хоҳад кард.

Ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ боиси даъватҳо барои истеъфои нахуствазир шуданд.

Виктор Понта аввалин нахуствазири Руминия аст, ки замони ифои вазифа дар чанд ҷурм муттаҳам ва ҳисобҳои бонкияш мунҷамид мешаванд.