Ёде аз қурбониёни ҳамлаи 22 сол пеш ба қитъаи 12-ум

Ҷое, ки дар таърихи 13 июли соли 1993 бар асари ҳамлаи нерӯҳои муҷоҳидини тоҷик 25 марзбони рус кушта шуданд

Як ҳайат аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва фармондеҳии пойгоҳи 201 ба мавзеи “Сариғор”-и Шӯрообод, маҳалли қитъаи 12-уми нерӯҳои марзбонии Русия рафта, ба хотири 25 сарҳадбони қурбоншуда гулгузорӣ кардаанд. 13 июли соли 1993 ба қитъаи марзии 12-уми нерӯҳои марзбонии Русия дар Тоҷикистон як гурӯҳи бузурги размандагони мухолифини тоҷик аз Афғонистон ҳамла оварданд, ки дар натиҷа 25 нафар кушта шуданд. Аз он замон то ба ҳол дар Русия дар бораи ин ҳамла даҳҳо мақолаву чандин китобу филмҳои мустанаду ҳунарӣ таҳия гардидааст. Ҳабибулло Сафаров, намояндаи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ин маросим, ки рӯзи шанбеи гузашта баргузор шудааст, аз ҷонбозии сарбозони ин қитъаи марзбонӣ дар шаби ҳавлноки 13 июли 1993 ёдоварӣ кардааст. Дар ин маросим аз тарафи ширкаткунандагон таъкид шудааст, ки ҳанӯз ба ҳодисаи 22 соли пеш баҳои ҳақонии таърихӣ дода нашудааст.