Кишварҳои минтақаи евро дар нишасте дар Брюссел дар бораи марҳалаи саввуми кӯмаки молиявӣ ба Юнон ба созиш расиданд. Ба иттилои хабаргузории Reuters, созиш баъд аз як шаби тулонии музокирот миёни раҳбарони минтақаи евро ва нахуствазири Юнон Алексис Сипрас ҳосил шуд. Раиси Иттиҳодияи Аврупо Доналд Туск дар Твиттер навишт, “саммит якдилона ба созиш расид ва ҳама чиз ба роҳандозии барномаи Бунёди аврупоии эътидол барои Юнон ҳангоми баргузории ислоҳоти ҷиддӣ ва ироаи кӯмаки молиявӣ омода аст”.
Намояндагони Иттиҳодияи Аврупо гуфтанд, ки Сипрас оқибат тарҳи мусолиматомези пешниҳодкардаи кишварҳои қарздиҳанда дар садри Олмонро пазируфт – акнун саҳмияҳои давлатии Юнон барои пӯшонидани қарз фурӯхта мешаванд. Нахуствазири Юнон ҳамчунин шартҳои Бунёди байнулмилалии пулро, ки ба Афина 86 миллиард евро кӯмаки молиявӣ пешниҳод кардааст, қабул кард.
Соате пеш Пребен Аманн, сухангӯи раиси Иттиҳодияи Аврупо Доналд Туск гуфта буд, ки нишасти сарони 19 кишвари минтақаи евро дар Брюссел баъд аз чанд танаффуси кӯтоҳи рӯзи гузашта дубора даъват мешавад.
Шартҳои пешниҳодкардаи кишвару ниҳодҳои қарздиҳанда метавонанд боиси эътирозҳо дар Юнон ва истеъфои нахуствазир Алексис Сипрас шаванд.
Юнон ба хотири ҷилавгирӣ аз варшикастагӣ ва боқӣ мондан дар минтақаи евро ба кӯмаки фаврии молиявӣ ниёз дорад. Бонкҳои Юнон ҳам эълом доштанд, ки барои пур кардани захираи асъорашон ба маблағҳои Бонки марказии Аврупо зарурат доранд.