Кумита: Сертификати замин барҳам мехӯрад

Акбар Табарзода

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон дар садади барҳам додани ҳуҷҷати сертифакати истифодаи замин ва шиносномаи техникии манзили сокинон аст. Акбар Табарзода, раиси ин кумита 13 июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, бар ивази ин ду санад ба сокинон ҳуҷҷати ягона дода хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Табарзода, ин кор ба хотири осон намудани мушкили сокинон ва аз байни бурдани ҳарҷу марҷ дар ҳуҷҷатгузории заминҳо сурат мегирад. Ҳоло сокинони Тоҷикистон барои истифодаи замин сертификат ва барои эътироф шудани соҳибмулкиашон ба манзил дар ин қитъаи замин бояд шиносномаи техникии хонаашонро дастрас кунанд.

Акбар Табарзода гуфт, дар ҳоли ҳозир аз сокинони кишвар ба унвонии мақомоти маҳалли зисташон 234 ҳазор ариза барои ҷудо кардани қитъаи замин ворид шудааст. Аммо ба қавли ӯ, мақомот имкони қонеъ кардани кулли ин дархостҳоро надоранд, чунки Тоҷикистон кишвари камзамин аст. "Аз ин рӯ ҳоло бархе аз вазоратҳо пешниҳод доранд, ки дар баъзе аз мавзеъҳо хонаҳзои баландошёна бунёд карда шавад, то афроди бештар дар ҳудуди муайян ҷойгир шаванд," -- афзуд раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ.