Дар шаҳри Вена, пойтахти Австрия, дипломатҳои 6 қудрати ҷаҳонӣ ва Эрон то нимашаби 11-уми июл доир ба тавофуқи ниҳоӣ бар сари барномаҳои атомии Эрон гуфтӯгу кардаанд. Тарафҳо азм доранд то рӯзи 13-уми июл ин созиши ниҳоӣ ба даст биёяд. Ба гуфтаи дипломатҳо, баъди мулоқотҳои пурғалоғулаи дуҷониба ва чандҷониба 98 дар сади матни созишро мувофиқа кардаанд. Вале ду ё се ихтилофи назар аз ҷумла дар бораи мӯҳлати эътибори тавофуқ ва бардошти таҳримоти байналмилалии таслиҳотӣ боқӣ мондааст ва музокиракунандагони Эрон бо намояндагони Амрикову Чин, Фаронсаву Русия ва Бритониё рӯзи 12-уми июл ҳамин масъалаҳоро баррасӣ мекунанд. Ин кишварҳо мехоҳанд, Эрон фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд кунад ва дар ивази дардноки иқтисодӣ алайҳи кишвар аз байн бардошта шавад.