Давлати Юнон рӯзи 11-уми июл ду монеа барои гирифтани кӯмаки навбатии молӣ ва наҷот ёфтан аз муфлисиро рафъ кард. Қарздиҳандагони аврупоӣ барномаи ислоҳот ва сарфаҷӯии Юнонро қабул карданд ва порлумони кишвар низ онро пазируфт. Ба гуфтаи вомдиҳандагону вакилони мардумии Юнон, барномаи фарогири ислоҳи низоми андозситонӣ ва нафақа, пешниҳоди хубе барои оғози музокирот дар бораи додани кӯмакҳои нави молӣ ба Юнон аст. Ин кишвар талош дорад, ҳарчӣ зудтар аз Иттиҳодияи Аврупо кӯмак бигирад, дар акси ҳол муфлис мешавад ва мумкин аст, аз ҳавзаи евро низ берун равад. Ду ҳафта боз аст, бонкҳои кишвар дуруст кор намекунанд ва захираҳои пулашон ҳам дар ҳоли тамом шудан аст. Эҳтимол меравад, барномаи сахтгиронаи ислоҳоти иқтисодӣ ва сарфаҷӯии Юнон дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 12-уми июл қабул шавад. Қарздиҳандагони аврупоӣ аломат додаанд, ки мумкин аст, дар ивази ин ислоҳот ба Юнон 74 миллиард еврои дигар кӯмак кунанд.