Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ашрафғанӣ Аҳмадзай

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай, рӯзи 9-уми июл дар шаҳри Уфаи Русия бо Ашрафғанӣ Аҳмадзай, раиси ҷумҳури Афғонистон мулоқот кардааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, ин нахустин дидори раҳбарони Тоҷикистон ва Афғонистон пас аз интихоб шудани Ашрафғанӣ Аҳмадзай ба унвони раиси ҷумҳури он кишвар мебошад. Ба гуфтаи манбаъ, рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат, амният, мудофиа, тиҷорат энергетика ва ҳамлу нақл, дар меҳвари музокироти Эмомалӣ Раҳмон ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай будааст.​ Дар ин мулоқот миёни руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Афғонистон доир ба амалишавии тарҳҳои минтақавӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳои оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон, хатти барқии 500 киловолтаи КАСА-1000 ва лӯлаи гази Афғонистон-Тоҷикистон табодули назар сурат гирифтааст. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, ин кишвар аз омодагии худ ба бозомӯзии мутахассисони соҳаҳои гуногуни Афғонистон хабар додааст. Гуфта мешавад, ки соли равон 250 квота барои Афғонистон барои таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ҷудо карда шудааст.