Малайзия хостори ташкили додгоҳи байнулмилалӣ шуд

Малайзия ба қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк тарҳи қатънома дар бораи таъсиси додгоҳи байнулмилалиеро супурд, ки бояд баргузории тафтиши мустақилу беғаразонаи афроди масъул дар суқути ҳавопаймои мусофирбари Боинга дар фазои Украинаро кафолат диҳад. Русия, ки гуфта мешавад, дар ин фоҷиа нақш дорад, ба ташкили ин гуна додгоҳ муқобил аст.

Ҳукумати Ҳоланд, ки раҳбарии тафтиши байнулмилалии суқути ҳавопайморо бар ӯҳда дорад, мехоҳад то моҳи октябр натиҷаҳои тафтишро эълон кунад. Аммо тафтишот аллакай хабар дод, ки дар бораи даст доштани ҷудоихоҳони рустабори Донбасс дар ин ҳодиса асноди заруриро зери даст дорад. Бар пояи ин аснод, ҳавопаймои Боинг ҳадафи мушаки таҷҳизоти "Бук", ки аз Русия оварда шудааст, қарор гирифтааст.

Маскав ҳама гуна иттиҳоми даст доштанаш дар ин фоҷиаро, ки рӯзи 17 июли соли гузашта рӯй дод ва бар асари он 298 нафар, асосан шаҳрвандони Ҳоланд ба ҳалокат расиданд, рад мекунад.