Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой вориди Уфа-пойтахти Бошқирдистон шуд.
Дафтари матбуотии раҳбари Бошқирдистон ба матбуот гуфт, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви БРИКС низ даъват шудааст. Ин ду мулоқот рӯзҳои 8-10 июл дар шаҳри Уфа баргузор мешавад.
Дар Созмони Ҳакории Шонгҳой Русияву Қазоқистон, Қирғизистону Чин ва Тоҷикистону Узбакистон узвият доранд. Дар БРИКС панҷ кишвар, яъне Бразилия, Русия, Ҳиндустону Чин ва Африқои Ҷанубӣ дохил мешаванд.