Ҳукумати Покистон мегӯяд, ки мулоқоти 7 июли ҳайатҳои ҳукуматии Афғонистон ва Толибони ин кишвар ба поён расид ва ҳар ду ҷониб ба тавофуқ расиданд, ки музокироти худро идома хоҳанд дод, то сулҳу мусолиҳа ба даст ояд.
Ин нахустин мулоқоти ҷонибҳост, ки ба таври расмӣ онро Кобул эътироф мекунад. Вазорати корҳои хориҷаи Покистон мизбонии мулоқотро бар уҳда дошт. Ин вазорат дар изҳороти 8 июли худ мегӯяд, ҷонибҳо ба тавофуқ расидаанд, ки “барои таҳкими сулҳ дар минтақа ҷонибҳо ба раванди музокирот содиқона ва пурмасъулият бархурд хоҳанд кард”.
Як мақоми расмии Афғонистон ба бахши Машъали Радиои Озодӣ гуфт, Ҳикмат Халил Карзай-муовини вазири корҳои хориҷаи Афғонистон ва Мулло Ҷалил-намояндаи Толибон дар музокироти Исломобод ширкат доштанд. Дар ин музокирот намояндагони Чин ва Амрико низ ҳузур ёфтанд.
Ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки баъд аз Рамазон музокироти худро идома медиҳанд.